Санаи 11-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази ноҳия дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 20.10.2021сол ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, наврасону ҷавонон аз ҷумла: ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ноҳиявӣ, варзишгарони номӣ, кормандони бонкҳо, саноат, иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда, афсарони қисми сарҳадии 0214 ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок доштанд. Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной ҳусни оғоз бахшида, оиди дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон суханронӣ намуда, тамоми аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, сипас сухан ба раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мӯҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон дод.Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мӯҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич мӯҳтарам Ашӯралӣ Ҷалилзода низ оид ба дастовардҳои солҳои истиқлолият, шароиту имкониятҳои мусоид барои наврасону ҷавон, оид ба бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар қалби ҳар як ҷавон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва шароитҳо барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва оиди яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз мубориза ба терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҷавонон бояд ҳама вақт дар сафи пеш қарор дошта, барои ҳимояи марзу буми ватани аҷдодии худ ҳиссагузор бошанд. Инчунин, аъзоёнии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ағолиқова Гулмира- оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва омодагии аъзои Ташкилот дар рушду нумӯи Тоҷикистон, Абдуллоев Мирсабур- оид ба масъулияти фарзандӣ ва шароити хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аюбов Абдусамеъ доир ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ маърӯза намуданд. Баъдан, маросими ваъдаи тантанавии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич доир гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзо шудаанд шаҳодатномаҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Деваштич Муллоҳакимов Нуриддин қабул карда шуд. Дар охир барои хубу хотирмон доир гардидани ҳамоиш аз тарафи санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ доир гардид.
Рубрики
ҲАМОИШИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
