Санаи 2-юми ноябри соли 2021 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳисмтони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон ҳамоиши ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоиши мазкур дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмлоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Фирдавсхон Саидов, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоидов, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Наврӯззода Имоммаҳмад ва дигар ҷавонону наврасон, инчунин аъзоёни фаъоли ҳизб ширкат доштанд.
Дар ин рӯз симои маркази ноҳия ба хусус назди бинои мақомоти иҷроия идона оро дода шуда дар даромадгоҳи толори баргузории ҳамоиш маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ба номиш гузошта шуда буд. Нахуст ҳайати меҳмонон аз маҳсули ҳунарҳои мардумии Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуда, ба маҳсули ҳунамандони ин диёри куҳсор ва дастовардҳои варзишгарони навраси ноҳия баҳои баланд доданд.
Ҳамоиши ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ» бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба хусус дар руҳия ватадӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ибрози назар намуд.
Сипас Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба сухан баромада ташкил ва баргузории ҳамоиши ТҶҶ «Созандагони Ватан» – ро ки аз ҷониби ҳизб роҳандози шудааст, саривақтӣ хонда, таъсиси чунин як ташкилоти ҷамъиятиро василаи асосии тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ унвон кард.
Дар идома ба 10 нафар ҷавони нав ба сафи ТҶҶ «Созандагони Ватан» шомил гардида, шаҳодатномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» сурорида шуда, ба чанде аз аъзое, ки нав ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд билети ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои саросар тарануми модар Ватан баромада намуда, ҳамоиши ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ» ро гуворо ҷамъбаст намуданд.
Пас аз анҷоми ҳамоиши ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ» Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз ташкилоти ибтидоии деҳаи Рогиф дидан намуд. Зимни боздид номбурда баҳри тақвияти кори ҳизб, ҷалби шахсони арзандаю содиқ ба миллату давлат ба сафи ҲХДТ, боз ҳам баланд бардоштани нуфузи эътибори ҳизб ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар миёни мардум ба кормандони Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.