Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба иди бузурги умумимиллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 – уми октябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара Ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, омӯзгорону мутахасисони ҷавони соҳаҳои хоҷагии халқ, роҳбарони ҷамоатҳо, корхонаю ташкилотҳо, сохторҳои МИҲД, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори омма иштирок варзиданд.
Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин зимни баромади худ вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ, ободкориву созандагӣ, азму талошҳои бесобиқаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маориф, ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода, масъулинро ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо роҳнамоӣ карданд. Раиси шаҳр зимни баромади худ қайд намуданд, ки “Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар шаҳри Исфара 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд. Ҳар сол дар шаҳру деҳоти Исфара наздик 1200 нафар ба бозори меҳнат ворид мешаванд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.”
Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба маърӯза баромада, вобаста ба масъалаҳову камбудиҳои ҷойдошта, куллан беҳтар намудани фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон ибрози андеша намуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара зимни баромади худ роҷеъ ба корҳои дохилиҳизбӣ, қабули бо сифат ба аъзогии ҳизбӣ, таъсиси ташкилотҳои нави ҳизбӣ, ҷавонон, варзиш ва маорифу тандурустӣ таклифу пешниҳодҳо намуда, қайд намуд, ки “ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1191 нафар ба аъзогӣ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 775 нафар ё ин ки 2,8 баробар зиёд мебошад. Аз ин шумора 503нафарашро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳад. Ҳоло миқдори ҷавонони то 30 сола дар сафи ҲХДТ дар шаҳри Исфара 5228 нафар аст, ки ин 34,2% – ро нишон медиҳад. Ҳар як чорумин ташкилоти ҳизбиро ҷавонон роҳбарӣ менамоянд. Дар байни вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ҳиссаи ҷавонон 25% – буда, ин нишондод дар байнӣ вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти 36% аст.”
Сипас як чанд нафар ҷавонон ва бонувон вобаста ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози миллат – ҷавонон ибрози андеша намуда, дар назди ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш ваъда доданд, ки пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат намуда содиқонаву софдилона ба Ватан хизмат менамоянд.
Аз ҷониби як нафар аз иштирокчиён Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиш ироа гардида, аз тарафи иштирокчиён қабул карда шуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Исфара якчанд нафар ҷавононро, ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пайвастанд бо шаҳодатномаи ҲХДТ ва як чанд нафари дигарро ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайвастшуданд, бо шаҳодатномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” қадрдонӣ намуданд. Дар чорабинии васеъ аъзоёни нав ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” аъзошуда, ваъдаи тантанавӣ доданд
Дар охир барномаи омоданамудаи фарҳангии ҳунармандони ҷавон ба иштирокчиён ба намоиш гузошта шуд.