Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба “Рӯзи Модар” ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Модар олиҳаи зиндагӣ » ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти кори ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон – Ҳошимзода Раъно Ҳошим, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон, инчунин вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Ба кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон – Ҳошимзода Раъно Ҳошим ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон бонувонро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, дар самти мақоми зан дар ҷомеа баромад намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёми санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонувону занонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург ҳисобиданд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Шоира Моҳира Раҳимзода ва Фазонаи Зарафшонӣ бо қироати шеърҳои тозаэъҷоди худ табъи ҳозиринро болидахотир намуданд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.
Рубрики