Рубрики
Uncategorized

ҲАМЧУН ЗАМИНИ БЕКАРОН НЕКИ БИМОНАД ҶОВИДОН

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳуҷраҳои мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодом бо пардаҳои замонавӣ насб карда шуд. Аз ин иқдом тарбиятгирандагон ва омузгорони мактаби мазкур миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баён намуданд. Бояд зикр намуд, ки Мактаб-интернати санатории №40 воқеъ дар шаҳри Конибодом соли 1970 барои 250-нафар тарбиятгиранда таъсис ёфта буд. Имрӯзҳо дар мактаб 90-нафар (34-нафар духтарон, 56-нафар писарон) таҳсил намуда ба онҳо 22-нафар омӯзгорон дарс меомӯзонанд ва 24-нафар кормандони хоҷагӣ, тарбиятгирандагонро парасторӣ менамоянд.

9Олимчон Зохидов, Хайринисо Темирова и ещё 7

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *