Рубрики
Асосӣ

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор…

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд маросими ҷамъбасти мактаби захираи кадрҳо бо иштироки мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Мӯъмин Машокир, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло устодони донишгоҳ, шунавандагони мактаби захираи кадрҳо доир гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ ҳозиринро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон афзуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ва занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда ҷойгоҳи хосса дошта,  маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Ин ҳама муваффақиятҳо самараи заҳмату талошҳои  Сарвари давлат аст. Зеро кадрҳои ҷавон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами Сарвари давлат гузашта, садоқат ба Ватану обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат натанҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Сипас мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Тоҷибой Султонӣ дар баромади хеш қайд намуд, ки сиёсати дастгирии ҷавонон ва занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷамъият пайваста дар мадди назари Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Баргузории силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, тақдиронидани донишҷёну хонандагони фаъол бо квотаҳо, таъсиси грантҳо барои бонувон нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Ректори ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло хатмкунандагони мактаби захираи кадрҳоро муборакбод намуда ба хатмкунандагон барору комёбиҳо таманно намуд.

Яке аз устодони мактаби захираи кадрҳо Саиди Шӯҳрат ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо иброз дошт,  ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2022” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Дар мактаби мазкур  ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш тайи 4 моҳ дарс хоҳанд мегуянд. Дар маҷмӯъ ба курси захираи омодасозии кадрҳо устодонеро даъват шуданд, ки ҳар яке дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст. 

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни ироаи дастури раҳнамоӣ  ба хатмкунандагони мактаб дар фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуда, таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо, таҳмили ақидаҳои ифротӣ дар зеҳну шуури насли наврас, шунавандагони мактаби захираи кадрҳоро мебояд чун нерӯи тавоно бо донишу фаҳмиши баланд бар зидди душманони миллат мубориза беамон баранд.  

Мунзифа Пӯлодова, шунавандаи мактаби захираи кадрҳои назди кумиҷроияи вилоят аз номи ҳамсафон ба роҳбарияти кумиҷроия барои фароҳам овардани шароит изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар фарҷом ба ҳар як хатмкунандагони матаби захираи кадрҳо шаҳодатномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *