Рубрики
Uncategorized

ҲАР КИ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР…

         Ба курси захираи омодасозии кадрҳо устодоне даъват шуданд, ки ҳар яке дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст. Ин навбат ба шунаванадгони курси захираи кадрҳо ходими ҳизбиву давлатӣ, муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар вилоят Шуҷоат Ҳасанова ва муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дарс гуфтанд. Муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода дар мавзӯъи “Нақши Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон” бо далелу фактҳои ҷолиб баромад намуд. Аминҷон Шарифзода иброз дошт, ки воқеан, самари бобарори сулҳу ваҳдати комили кишвар баҳри ҳалли масъалаву муаммоҳои дохилии Ватани азизамон, расидан ба зиндагии босаодату шоиста ва амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, ба сомон расидани корҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон асоси воқеъи гузошт. Мо мардуми нектолеъи тоҷикро бо Пешвои миллат нақшаҳои бузургу созанда дар пеш аст. Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда ҷойгоҳи хосса дошта, маҳз роҳандозии силсилаи Барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд-ин нуктаро муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизб дар вилоят Шуҷоат Ҳасанова ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо қайд намуд. Шуҷоат Ҳасанова аз ҳаёти пуртаҷрибаи хеш ба шунавандагон нақл намуда занону ҷавононро ба меҳанпарасти ба кори хеш софдилона хизмат намудан роҳнамои намуд.

Начало формы

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *