Рубрики
Last News

ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД…

Таҳти ин унвон бахшида ба 110- солагии шоири ширинкалом , Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагулистон” маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок ва баромад намуданд.

Зикр гардид, ки садои ашъори ӯро аз ҳар як хонадон, аз забони пиру барно ва зану мард метавон бишнид.Пирон аз он панду ҳикмат, ҷавонон суруди муҳаббат, занон лутфу назокат тарзи вафову садоқат меҷустанд.Вай барои дӯст ҳамдами хирадманд, барои душман теғи ҷавҳардор буд. Ба халқҳо роҳи бахту саодат нишон медод.Халқ ҳаққонӣ ӯро дарёи назм меномад.

Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ,

Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

Хонандагон оид ба ҳаёту фаъолияти шоир маълумот дода, Турсунзодахонӣ намуданд. Дар охир ба якчанд нафар омӯзгорон, ки нав ба сафи аъзогӣ қабул шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *