Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд вохӯрию мулоқотҳо бо духтарони хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна олии касбии шаҳри Хуҷанд идома дорад. Шоми гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озаррахш, мудири шуъбаи занони кумиҷроияи вилоятӣ Заррина Раҳмон дар хобгоҳи рақами 2- и МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ва хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо бошандагони онҳо суҳбату мулоқот оростанд.Зуфар Исмоилзода зимни суханронӣ донишҷӯёнро бо ҷашни Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои таҳсил ва ҳунаромӯзии ҷавонон беҳтарин шароитҳо муҳайё карда шудааст. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 13 адад ба 41 адад расидан, дар хориҷи кишвар таҳсил намудани 43 ҳазор донишҷӯ гувоҳи гуфтаҳои болоиянд.Толиб Карими Озаррахш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз айёми пуршӯри ҷавонӣ ҳар лаҳзаву соатро ғанимат бишуморида пайи илм омӯзӣ шаванд ва шеърҳои ба тозагӣ иншонамудаи худро ба самъи ҳозирин расонид. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан – Модар қироат карда шуд.
Рубрики