Рубрики
Last News

Ҳар модари тоҷик фариштаи нигаҳбон аст

Мо дар арафаи ҷашни Рӯзи модар қарор дорем. Таърих гувоҳ аст, ки ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. 

Бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рўзи Модар” эълон намуданд. Аёдату дидорбинии модарони тоҷик ,  арсаи меҳнат  дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад.

Бо назардошти заҳматҳои зиёд дар роҳи татбики Барномаи ҲХДТ кормандони ҲХДТ дар вилояти Суғд модарони мушфиқу ғамхор Ҳамро Зокирова ва Зебо Абдуловаро  аёдат намуда, табрикоти Раиси муаззами ҲХДТ  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Номаи меҳри Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохонро расониданданд.       

Модарони тоҷик миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохонро миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *