Рубрики
Uncategorized

ҲАШАРИ ДАСТҶАМЪОНАИ ҲИЗБИЁН ДАР МАҲАЛЛАИ СОМОНИЁНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРКӮҲИ ШАҲРИ ИСФАРА

Дар лаҳзаҳои мусибат дасти ҳамдигар гирифтан аз оинҳои ҷавонмардӣ ва анъанаи неки ниёгони мо маҳсуб шуда, ин раванд дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳнамоиҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза касб намудааст. Пешвои муаззами миллат борҳо бо амалҳои некбинона ва хайрандешаонашон исбот кардаанд, ки ҳамдаму ғамхори халқ ҳастанд. Дасти хайри падаронаи он кас ба ҳар ятиму шахсони имконияташон маҳдуд, нафарони барҷомондаву яккаву танҳо расидааст.

Халқи азизи кишвар огаҳанд, ки бар асари муоқишаҳои марзӣ дар шаҳру ноҳияҳои сарҳадии вилояти Суғд – шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии Қирғизистон  чанд тан ҳалоку манзилҳои сокинон вайрону валангор гардиданд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба хонаводаҳои ҳалокшудагон ва захмиён даргириҳои марзӣ аз буҷаи кишвар 3 миллион сомонӣ пардохт шуда, ҳамзамон давоми як моҳ манзилҳои зарардидагон пурра барқарор ва бо лавозимотҳои рӯзгор таъмин карда мешаванд. Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бевосита дар манзили истиқоматкунандагон бо сокинони зарардида  суҳбат ороста, онҳоро дилпур кард, ки ягон оила бесарпаноҳ нахоҳад монд.

Имрӯзҳо деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён  маркази ҳашарҳои дастъҷамонаи хурду бузурги вилоят гардидааст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.

Бо дастури бевоситаи Раиси вилоят корвони мошинҳои пурбор иборат аз маводҳои хӯрокаву пӯшока аз шаҳрҳои Конибодому Истаравшан ба ин ҷо расида, рӯзи гузашта бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва истироҳатӣ гурӯҳи калони ҳизбиёни вилоят таҳти роҳбарии Исмоилзода Зуфар Муртазохон баҳри барқарор намудани хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён ба шаҳри Исфара сафар намуданд.  Дар ин рӯз бо қувваи ҳашарчиёни ҳизбиёни вилоят хонаи як оила, ки ду хона ва пешайвон иборат буд, аз хоку сангрезаҳо тоза карда шуда, барои бунёду хона омода гардид. Ҳамчунин наздик ба 15 ҳазор дона хиштҳои сохтмонӣ ба дохили ҳавлӣ дароварда шуд.

Дар ҷараёни корҳои ободонӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳашарчиён вохӯрӣ анҷом дода, иқдоми ҳизбиёнро шоистаи пайравӣ номид. Он рӯз Раиси вилоят ба сокинон маҷмуи сару либос ва пойафзолу дигар лавозимоти заруриро супорида,  барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои истиқоматӣ супоришҳо дод.

Ҳизбиёни вилоят тасмим гирифтаанд, ки хонаи истиқоматии як оилаи деҳаи Сомониёнро пурра сохта, маврии баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

                                    Абдусабури Абдуваҳҳоб, “Минбари халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *