Рубрики
Асосӣ

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…

Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дарси навбатии курси захираи кадрии Кумитаи иҷроия дар вилояти Суғд баргузор гардид.

           Дар басти аввали дарси мазкур Директори филиали МД “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд Исмаддинзода Муҳаммад Эргаш доири мавзӯи “Низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

          Мавсуф бобати низоми интихоботии мутаносиб интихобкунанда на барои номзади муайян, балки ба яке аз рӯйхате, ки ҳизби сиёсӣ ё иттиҳоди интихобкунандагони барои иштирок дар интихобот роҳдодашуда пешниҳод кардаанд, овоз медиҳад. Барои ин дар арафаи интихобот вобаста ба шумораи аҳолии ҳавзаи мазкур шумораи вакилони аз он интихобшаванда муайян карда мешаванд, маърӯзаи васеъ намуданд.Дарс хеле шавқовар, ба таври саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён бобати интихобот ва системаи он маълумотҳои муҳимро аз худ карданд

            Дар басти дуюми мактаби захираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода Аминҷон дар бораи “Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон” маърӯза намуданд.. Дар айёми бедорӣ ва нахустин қадамҳои мустақилият сарнавишт тоҷиконро ба имтиҳони сахту сангине рў ба рў намуд. Дар ин гирудори пуртаҳаввули таърих, сияҳкорони дохиливу хориҷӣ Тоҷкистони тозаистиқлолро ба гирдоби  ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардониданд. Пояҳои иқтисодиву маънавӣ, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ намуданд. Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути вакилони худ дар Шўрои Олии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, комёб ба он шуданд, ки барои аз нав барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ  16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби  шаҳри  Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор намоянд. Вазъ то он дараҷа мураккаб гашт, ки кам нафаре пайдо мешуд, ки зимоми давлатдориро ба душ гирифта, истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба ин ҳама муваффақияту пешравиҳо бо ба кор бурдани тамоми хислатҳои неки миллати тоҷик, аз қабили меҳнатдўстӣ, қавииродагӣ, дилсўзӣ, ботамкинӣ, мардумписандӣ, инсондўстӣ, дилкушодӣ, дасткушодӣ, хайрхоҳӣ, бахшандагӣ, некпиндорӣ, некрафторӣ, бунёдкорӣ, кўмак ва дастгирии ятиму муҳтоҷон ва барҷомондагон ноил гардидааст.

         Бояд қайд кард, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ ҳафтае як маротиба амал мекунад. Дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд. Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш  дарс хоҳанд гуфт.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *