Рубрики
Last News

ҲЕҶ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД…

Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2022” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш дарс меомузанд. Ин навбат дотсенти ДДҲБСТ Алимов Б ба шунавандагони мактаби захираи кардҳо оид ба Ваҳдати миллӣ: аз бунёди сулҳ то иқдомҳои байналмилали сухан намуда қайд намуд, ки Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан оид ба Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад». Он дарахте , ки Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 ба сулху вахдат табдил додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.

Сипас шунавандагони мактаби захираи кадрҳо  дарси бузурги роҳбари варзида Биҳоҷал Фатҳиддиноваро гуш намуда аз нақлҳои ҷолиби муаллима дарси матонату шуҷоатро омухтанд. Муаллима бештар оид ба масъулият ва худшиносӣ хеш сухан намудаанд.  Бояд қайд намуд, ки  Биҳоҷал Фатҳиддинова умри хешро баҳри шукуфоии кишварамон ва давлати шӯравӣ сарф карданд.

Бояд қайд намоем, ки дарси навбатии мактаби захираи кадрҳо санаи 22-апрели соли 2021  соати 14:00 дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.  Раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён ва дотсенти ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров Ҳусейн Зайтметов ба шунавандагони мактаби захираи кадрҳо сабақ меомузанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *