Рубрики
Uncategorized

“ҲЕҶ КАС ВА ҲЕЧ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД”

Зимни сафари худ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар маросими гулгузорӣ, ки дар назди “Сутуни Ёдбуд”-и деҳаи Логини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод баргузор гардид, иштирок намуда дар пояи “Сутуни Ёдбуд” гулчамбар гузошт. Дар суханронии худ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода З М хотири шаҳидон ва иштирокчиёни ҶБВ, ки дар он солҳои набарди хунин ба хотири ҳаёти осоиштаи даврони имрӯза диловарӣ ва чоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, дарси мардонагӣ, шуҷоат ва ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро сабақи бузурги зиндагӣ арзёбӣ намуд. Дар чорабинӣ сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, аъзоёни ҲХДТ ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби ҷавонон ва толибилмон барномаҳои фарҳангӣ намоиш дода шуда, ба тантанаи ҷашнии 76-солагии Иди Ғалаба ҳусни хоса зам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *