Рубрики
Uncategorized

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба хоки Иттифоқи Шӯравӣ ҳуҷум кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми ҷудонашавандаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонии солҳои 1939-1945 буд. Дар ин муҳорибаҳои хунин қаҳрамонии фарзандони тоҷик беназир аст.

Мубориза барои Москва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мудҳиштарин маҳсуб меёбад. Қушунхои Германияи фашистӣ, ки 30 сентябри соли 1941 амалиёти «Тайфун»-ро гузаронданд, ба пойтахт наздик омаданд. Дар муҳориба барои Москва Вермахт аввалин шикасти сахти худро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гирифт. Мудофиаи Москва аз 30 сентябр то 4 декабри соли 1941 давом кард. 5 декабри соли 1941 Армияи Сурх дар тамоми фронт дар назди Москва ба ҳуҷуми чавобӣ cap кард. Армияи Сурх душманро аз пойтахт то 300 километр ақиб гардонид. Танҳо дар зарфи як моҳи соли 1941 дивизияи савораи кӯҳии ордени Байрақи Сурхдори Тоҷикистон зиёда аз 40 танк, 60 туп, қариб 6 миллион снаряду мина, 4 ҳазор нафар фашистро дар ин муҳориба нест кард.

Муҳосираи низомии Ленинград аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 тақрибан 900 рӯз давом кард. Дар ибтидои муҳосира шаҳр захираи ночизи ғизо ва сӯзишворӣ дошт, ки барои таъмини зиндагии сокинони шаҳр нокифоя буд. Рохи ягонаи алоқа бо Ленинград роҳи аз кули Ладога — «Рохи ҳаёт» дар зери оташи артиллерияи душман буд. Дар моҳҳои январ—феврали соли 1944 Қушунҳои Шӯравӣ амалиёти Ленинград — Новгород гузаронданд, ки дар натиҷаи он душман аз сарҳадҳои ҷанубии шаҳр 220—280 километр дуртар ронда шуд. 27 январ – Рӯзи пурра озод шудани Ленинград аз муҳосираи фашистӣ (1944), Рӯзи шӯҳрати ҷангии Русия ҳамасола ёдоварӣ карда мешавад. Дар рафъи муҳосираи Ленинград беш аз 6 ҳазор тоҷикистонӣ ширкат доштанд.

Яке аз муҳимтарин муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳорибаи Сталинград мебошад, ки аз 17 июли соли 1942 то 2 феврали соли 1943 дар хоки вилоятҳои Воронеж, Ростов, Волгоград ва Республикаи Калмикистон давом кард. Ин муҳорибаи бузург, ки бо иҳота кардан, торумор кардан ва асир гирифтани душман ба охир расид, дар кори ба даст овардани Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ ҳиссаи калон гузошта, ба рафти минбаъдаи тамоми ҷанг таъсири калон расонд. 2 феврал – Рӯзи шикасти аскарони фашистӣ аз ҷониби аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград маҳсуб меёбад.

Дивизияи 61-уми савора, ки дар ноҳияҳои гуногуни Точикистон ташкил ёфта буд, солхои 1942—1943 дар муҳорибаҳои назди Сталинград иштирок дошт.

Муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои асосии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бузургтарин муҳорибаи танкии таърихи ҷаҳон мебошад. Дар он қариб 2 миллион кас, 6000 танк, 4000 самолёт иштирок дошт. Ҷанг 50 рӯз давом кард. Баъди ба охир расидани ҷанг ташаббуси стратегӣ ниҳоят ба тарафи Армиям Сурх гузашт, ки он мамлакатро аз истилогарони немис озод карданро давом дода, то охири ҷанг асосан амалиёти ҳуҷумкуниро баҷо меовард. 23 август рӯзи торумор шудани Қушунҳои фашистӣ аз тарафи қушунҳои Шӯравӣ маҳсуб меёбад. Ҳазорон нафар ҷанговарони Тоҷикистон дар яке аз калонтарин амалиёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ — муҳорибаи Курск мардонагӣ ва маҳорат нишон доданд.

Дар моҳҳои январ-марти соли 1945 қушунҳои фронтҳои 1-уми Белоруссия ва 1-уми Украина дар рафти амалиёти Висла-Одер, Померани Шарқӣ, Силезияи Боло ва Силезияи Поён ба хатти дарёҳои Одер ва Нейсе расиданд. Яке аз амалиёти охирини стратегии қушунҳои Шӯравӣ амалиёти стратегии Берлин буд. Дар рафти амалиёт Армияи Сурх Берлинро ишғол кард ва ин боиси бечунучаро таслим шудани Германия гардид. Ҳамла ба Берлин қисми ниҳоии амалиёти мазкур дар соли 1945 мебошад, ки дар ҷараёни он Артиши Сурх пойтахти Олмони фашистиро ишғол кард. Амалиёти мазкур аз 16 апрел то 2 май давом кард.

Қаҳрамонии оммавиро ҷанговарон – тоҷикон дар канори худ ва дар худи Берлин нишон доданд. Ордени шуҳрати дараҷаи якумро точикон — Рузиев барои дар дарвозаи Бранденбург афрохтани Байрақи Сурх ва Атаев барои ҳуҷуми Рейхстаг гирифтанд.

Тоҷикистониҳо чун дигар фарзандони боору номуси давлати Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳои беназир нишон додаанд ва ин корнамоиҳо дар дилу дидаҳо абадан боқӣ хоҳад монд.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *