Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалҳои террористиро шадидан маҳкум намуда, дар ин лаҳзаҳои душвор ғамшакири мардуми Федератсияи Русия мебошад. Имрӯз зери роҳбари Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода аҳли кормандони кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон бо мақсади баён намудани изҳори ҳамдардии амиқи хеш ба аҳли оила ва хешовандоне, ки наздиконашон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар бинои Крокус Сити Холл дар вилояти Маскави Русия ба ҳалокат расидаанд, ба Консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар назди онгулчамбар ва гул гузоштанд. Ҳамзамон, Мирзоқосим Каримзода изҳори ҳамдардии кулли ҳизбиёни вилояти Суғдро ба роҳбарияти консулгарӣ баён намуд.
Рубрики