Рубрики
Uncategorized

ҲИЗБИЁН БА АЁДАТИ ПИРОНСОЛОН РАФТАНД

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд. Бахшида ба Рӯзи модар кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» рафта, бо бошандагони марказ сӯҳбати самимӣ оростанд. Дар сӯҳбати озод ҳизбиён иброз намуданд, ки онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» 54-нафар пиронсолону маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Дар марказ пиронсолон ба таъмини ғизо, иқомати доимӣ, хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гиифта шуда, барои истироҳат, варзиш ва машғулиятҳои меҳнатӣ-табобатӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Ҳизбиён ба бошандагони марказ меҳрнома ва ширинӣ тақдим намуда онҳоро бо Рӯзи модар табрику муборакбод намуданд. Бошандагони марказ аз ин ташаббуси хайрхоҳона хурсанд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *