Рубрики
Асосӣ

Ҳизбиён дар ғунучини “Тиллои сафед”

         Субҳи имрӯз, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М.  аҳли кормандони кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ барои ғунучини дастаҷамъонаи пахта ба хоҷагии деҳқони “Боғи нав”-и ноҳияи Спитамен равона гардиданд. Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода ҳизбиёнро истиқбол намуданд. Дар якҷоягӣ бо кормандони кумиҷроияи ноҳияи Спитамен аз 40гетар замини пахтазор дидан намуда, барои ҷамъоварии 500кг пахтаи навъи “Султон” кормандони кумиҷроияи вилоятӣ саҳми худро гузоштанд.

         Маврид ба зикр аст, ки барои шаш нафар чинакчиёни беҳтарини ноҳияи мазкур аз тарафи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сипоснома бо тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

         Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми пешгирифтаи кумиҷроияи вилоятӣ ҳар ҳафта давом карда, дар ҳамаи кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят давом мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *