Рубрики
Last News

Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент маҷлисҳои ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали сол оғоз шуданд.

Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, ки 123 нафар ҳизбиёнро сарҷамъ менамояд, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар самти тарғиби ҳадафҳои барномавии ҳизб, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии макмлакат, сафарбар намудани ҳизбиён ба корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳамчунин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ коргузорӣ, таҳияи санадҳои зарурӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба ҳизбиён раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Илёс Исмоилов ҳисобот дод.

Чунин ҷаласаҳои ҳисоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии коллеҷи омӯзгорӣ, идораи обу ташноб, ҷамъияти матлубот, ҷамоатҳои деҳот баргузор шуданд.

Кумитаи иҷроия рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафтаро рӯзи кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ эълон намудааст ва дар ин замина барои беҳдошти фаъолияти онҳо пайваста кӯмак расонида, маслиҳатҳои судманд дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *