Рубрики
Барномаҳо

ҲИЗБИ ҲАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА РИСОЛАТИ СОЗАНДАИ ОН

Дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва Барномаву Оинномаи ҳизб ва омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар бинои бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» курси бозомӯзӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Боиси қаноатмандист, ки дар оғози курси навбатии бозомӯзӣ Эмомалӣ Насриддинзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рудоба Мустаҷобова, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икроми Сироҷиддин, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ҳузур доштанд.

Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки баргузории ин таҷриба аллакай соли сеюм роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз ташкил ва баргузории курс тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳимми вобаста ба ҳизб ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.

Нахуст, Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили асосӣ ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа» суҳбат намуд. Мавсуф зикр карданд, ки таъмини фазои орому осуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат, муттаҳидию якпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ба ҳаёти осоишта, таҳсил, истироҳат, таъмини ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва дигар нишондиҳандаҳои мусбию манфии ҷомеа маҳз аз соҳибмаърифатӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракунӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешии Сарвари давлат вобастагӣ дорад. Дар маърӯза факту таҳлил ва пешниҳодҳои ҷолиб ва касбӣ садо дода, аз ҷониби ҳозирин хеле хуш пазируфта шуданд.

Сипас, маърӯзаи Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи «Вазифаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар асоси нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.

Дар маърӯзаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр шуд, ки таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршуда аз он далолат медиҳанд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо ва замина гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.

Дар ин радиф бояд гуфт, самтҳои асосие, ки дар Паёми Пешвои миллат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон алоқаманд буда, пурра бо нақшаҳои барномавӣ мувофиқат мекунанд ва дар бахшҳои муназзам беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Дар идома Абдухалил Ғафурзода дар мавзуи «Мактаби давлатдории Пешвои миллат – масъалаҳои ташаккул ва рушд» суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Ӯ суханро аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳми Пешвои миллатро басо муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлатро дар масъалаи об ёдовар шуда, бо такя ба далелҳои ҷолиб вобаста ба ин масъала маълумоти муфассал дод. Мавсуф дар баромади худ ёдовар шуданд, ки имрўз Пешвои миллат на танҳо амнияти сохтори конситутсионии кишварро таъмин намуд, балки худ кафил ва ҳомии Конститутсия буда, барои эҷоди Консепсияи сиёсати ҳуқуқии кишвар заминаи боэътимод гузоштааст. Муҳимтарин аркони давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсати Президенти кишвар ба сифати Пешвои миллат, бешак, эҳё ва наҷоти миллату давлат, заминагузори давлати навини Тоҷикистон ва такомулбахшии рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ба пиндори мо дар нукоти зерин маъниёб гардидааст.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илми филология Рудоба Мустаҷобова дар мавзуи «Омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла зикр доштанд, ки Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисозу фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари сазовори хеш Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи ин Ваҳдати миллӣ гардид. Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияту нек, виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва барои ҷомеа ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд.

Нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хосса дорад, барои солимгардонии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Дар ин росто, ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *