Рубрики
Last News

ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА МУҲИМ АСТ!

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, солимии аҳли ҷомеа маҳз аз фаъолияти самараноки кормандони тиб ва шароити хуби хизматрасонии тиббӣ вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ тандурустиро соҳаи калидии рушди ҷомеа номида, таъкид намуданд, ки «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад». Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба сохтмону азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар гушаю канори мамлакат беморхонаҳо, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ сохтмон ва азнавсозӣ гардида истодаанд. Дар нохия низ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ бо маром идома дошта, дар ин давра бо ташаббуси мақомоти ичроияи хокимияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи соҳибкорону шахсони саховатпеша якзумра шуъбаҳои беморхонаи марказӣ аз қабили шуъбаи бемориҳои бачагона, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи касалиҳои дил ва дилшиносӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи касалиҳои гушу бинӣ, шуъбаи шикасту банд ва шуъбаи осебшиносӣ ба маблағи зиёда аз 890 ҳазор сомонӣ аз таъмири кулл бароварда шуданд. Ҳамзамон чунин корҳои созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома дошта, ҳамаи марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳи тиббӣ азнавсозӣ гардиданд. Бо иштироки Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ ванамояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд Акмалхуҷаева Индира Исмоиловна Беморхонаи шаҳраки Меҳнатобод яке аз муассисаҳои калидии соҳаи тандурустии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба таъмири кулли ниёз дошт ва имрӯз бо дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва мардуми сарбаланди Ҷамоати шахраки Мехнатобод ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ хело беҳтар гардид. Инчунин ба шахсони саховатпеша ва соҳибкороне, ки дар ободонии беморхонаи мазкур саҳми арзандаи худро гузоштанд Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи ичроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия тақдим карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *