Рубрики
Last News

ҲОМИИ ВАТАН

Ҷиҳати корҳои тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии хонандагон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор ” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мулоқот бо муҳассилин доир гардид.

Дар мулоқот хатмкунандаи муассиса Анвар Писарев , ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намудааст, иштирок дошт. Анвар Писарев дар бораи хизмати ҳарбӣ қисса карда, ҷавононро даъват намуд, ки қарзи ватандории худро дар назди Ватан-Модар содиқона ба ҷо оранд. Ӯ ифтихормандона зикр намуд, ки барои хизматҳои шоёнаш дар қисми ҳарбӣ бо Сипоснома ва рухсатии 20-рузи истироҳатӣ қадрдонӣ гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *