Рубрики
Last News

Ҳунар ганҷи бебаҳост

        Зиндагӣ бо маҷрояш, ҳаёт бо зебоияҳояш ва ҳунарманд бо ҳунару офаридаҳояш дар китоби умр нақши муассир дорад. Дар ин росто занону бонувон, ки худ эъҷозкоранд, барои ободӣ, шукуфоӣ ва рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ дар ҷомеа саҳмгузоранд.

     Бахшида ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Солиева Муяссар бо ҳунармандзан аз ҷамоати деҳоти Зарзамин Қуроматова Ниссо сӯҳбат гузаронида, бо ҳунари ин зан ки дӯзандаи моҳир аст,  аз наздик шинос шуд. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳунари ҷомадӯзиро аз модараш омӯхта зиндагияшро пеш мебарад. Панҷ фарзандро ба воя расонида, дар навбати худ ба духтарону келинҳояш, ба набераю ҳамсоязанҳо низ ҳунари дӯзандагиашро омӯзонида, зимни сӯҳбат таъкид кард,ки : Зебоии зиндагӣ дар дасти худи мо занон аст, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон хор намегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *