Рубрики
Асосӣ

ҲХДТ Такя ба пирони соҳибхирад дорад

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои содиқонаи собиқадорони меҳнат, ошноӣ аз рӯзгори онҳо дар остонаи Соли нави мелодӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен омада, аз рӯзгори як тан аз фидоии соҳаи маориф Шаҳрибону Каримова ошноӣ пайдо кард. Мавсуф пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории ба номи С.М. Кирови шаҳри Хуҷанд 41 соли умри худро сарфи мактабу маориф намуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 –и ноҳия ба шогирдони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтааст. Дар ин фосилаи зиёд садҳо нафар шогирдони муаллима дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ чун мутахассисони кордида ифои вазифа намуда, самараи пешравиҳояшонро дар таълиму тарбияи дурусти устодон аз қабили Шаҳрибону Каримова медонанд.

Зимни суҳбат ин пири хирад бо ёдоварӣ аз солҳои вазнини солҳои навадум зикр дошт, ки дар ин давраи мушкил агарчи омӯзорон моҳҳо маош намегирифтанд, вале дили бузург доштанд, аз ҳама муҳимаш дар симои Роҳбари давлат наҷотбахши миллатро дарёфтанд. Дар 20 соли охир бунёди 4 ҳазору 500 иншоотҳо соҳаи маориф ин ба гуфтан осон. Ҳоло толибилмон дар синфхонаҳое таълим мегиранд, ки бо ҳамаи ҷиҳози таълимӣ, яъне кабинетҳои фаннӣ таъминанд. Шумораи устодони навовару соҳибистеъдод, хонандагони болаёқату ҳушманд сол аз сол афзуда истодааст. Суханони таъсирбахши Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ дар мавриди дастгирии соҳаи маориф кулли мардуми кишварро руҳбаланд намуд. Хеле хушоянд аст, ки сиёсати маорифпарварона ва инсонгароёнаи Сарвари давлатро Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар сатҳи баланд дар вилояти Суғд ба иҷро мерасонанд. Сафарҳои мунтазамашон ба ин ё он минтақа, ифтитоҳи иншоотҳои ҳаётан муҳим, дастгирии омӯзгорону хонандагони болаёқат ва ниҳоят арҷгузорӣ ба заҳматҳои собиқадорони меҳнат моро хушнуд менамояд.

Номбурда дар идомаи суҳбат аз амалҳои некбинонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар пайравӣ аз хизматҳои Роҳбари давлат ҳукумати ноҳия ва кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб пайваста аз рӯзгори ӯ бохабар шуда меистанд.

Дар суҳбат Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид дошт, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меҳнати аҳлонаю содиқонаи собиқадорони меҳнат, пирони корро фаромӯш намекунад, балки бо маслиҳату роҳнамоии онҳо кору фаъолиятро пеш мебарад.

Дар охир сӯҳбат Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳрибону Каримоваи 81 сола дар ҳаққи Роҳбари давлат ва фарзандони содиқи Ватан барои фароҳам овардани зиндагии шоиста даст бар дуо бардошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *