Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ АЛБОМ-ЭСТАФЕТА ТАҲТИ УНВОНИ «30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ» БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 19 сентябри соли 2022 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи Ҷумҳуриявии Албом – Эстафета таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯърои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ташкил карда шудааст, бо иштироки Раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нумонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Муҳаммадӣ Музрафхон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев, фаъолони ҲХДТ аз ноҳияи Спитамен, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, иштирокчиёни XVI Иҷлосияи Шӯърои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур дар ҳамаи 68 шаҳру навоҳии кишвар бо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатию варзишӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, дар остонаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб ҷамъбаст ва албоми он ба осорхонаи он тақдим карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *