Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Амали хайр дар арафаи Соли нав

Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2022 аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд оилаҳои ниёзманд, маюбон ва собиқадорони ҳизб ва меҳнат, аз ҷумла оилаҳои Султонова Инобат ва Ҳалимова Норинисо аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам аёдатшавандагонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022 табрику муборакбод намуда, таъкид намуд, ки шахсони яккаву танҳо, оилаҳои ниёзманд ҳамеша дар зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Аёдатшудагон аз ин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат миннатдориҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *