Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Оила мураббии аввалини ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як фарзанд мебошад. Имрӯз волидайни тоҷикро лозим аст, ки баҳри пойдории давлати соҳибихтиёр аз анъанаҳои миллӣ ва панду насиҳати бузургон истифода бурда, фарзандони худро дар рӯҳияи инсони комил тарбия созанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандони болиғу қобили меҳнат, нигоҳубин ва таъмини онҳо масъуланд.
Тарбия ҳанӯз аз батни модар сарчашма гирифта, аз рӯзҳои нахустин волидайн вазифадоранд, масъулиятро бар дӯш гирифта, фарзандро бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоянд. Аммо афсӯс, ки баъзе падару модарон ба рафтору кирдори фарзандонашон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа фарзандон дар мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тартибу интизомро риоя намекунанд. Албатта, чунин фарзандон дар оянда зарари худро ҳам дар ҷомеа ва ҳам ба наздикони худ мерасонанд.
Сабаби асосии бетарбия ба воя расидани фарзанд аз оила оғоз меёбад. Оила даргоҳи муқаддасест, ки хушиву офияти инсонро таъмин менамояд, барои тарбияи фарзанд шароиту имконияти мусоид фароҳам меорад. Тарбия се зинаро дар бар мегирад: 1. Оила. 2. Мактаб. 3. Муҳит ва ҷомеа.
Падару модарони босавод ба хубӣ медонанд, ки фарзандашонро на барои хурсандии худ, балки ба он мақсад тарбия менамоянд, ки ҳамчун вориси сазовор ба воя расанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Ҳар як падару модарро зарур аст, ки фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон-Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Ҷаббор Расулов