Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: БА ИСТИҚБОЛИ 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                        

Иҷлосияи  XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми  махсусро ишғол менамояд. Маҳз  он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳалаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ибтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани соҳибистиқлоли ҷумҳурии мо низ оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуки байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо  ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ба Аврупо, 1 декабри соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ шомил шуд.

Аммо раванди давлатсозӣ, бунёкорӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди  сиёсӣ гардид, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи  шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ­­-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабарори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазарҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва ичтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Ва бо тақозои халқ ва иродаи аскари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гирифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи  XVI  Шӯрои  Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард. Дар иҷлосия намояндагони кишварҳои Россия, Қозоқистон, Ӯзбекистон ва намояндагони мухолифин иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалоаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии Иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд интихоби роҳбарият ва ҳукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Зеро роҳбарияти вақти сиёсӣ қудрати идора кардани мамлакатро надошт ваҳукумат фалаҷ ва корношоям шуда буд.

Мутахассиси шуъбаи таблиғот

ва иттилоти КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Ҷаббор Расулов:                                               Азиза Очилова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *