Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Ваҳдати миллӣ- асоси пешравист

         Ваҳдат – беҳтарин неъмати, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди намуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумбашарии Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои хамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

       Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ  омад, мамлакат обод  шуд, пеш рафт,  гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ пойдор аст.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор  буд». Маҳз ба  шарофати  ҳамин  Ваҳтати  миллӣ, сулҳу суботи  сартосарӣ ва хиради азалии  халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати  тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани  азизамон  Тоҷикистони  тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро  тавонистем  пешгирӣ намоем . Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ , бунёдкору заҳматкаш, дорои хиради азалӣ доштан, эҳтирому эътироф менамоянд .

        Эргашалиева Умида – корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *