Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТИИ ИНТИХОБОТИИ

Имрӯз бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии “Ҷаббор Расулов” №16 Файзулло Қосимӣ  бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳробод суҳбату вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда шуд.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии “Ҷаббор Расулов” №16  Файзулло Қосимӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев иштирок доштанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии “Ҷаббор Расулов” №16  Файзулло Қосимӣ  зимни баромади худ нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардида буд, тарҳу тавзеҳ намуда диққати иштирокчиёнро ба татбиқи амалии дастуру супориш ва ҳидояту вазифагузориҳои Сарвари давлат ҷалб намуданд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистони мо сулҳу ваҳдат пойдор ҳасту мардуми мо осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Мо бояд Паём ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *