Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Вохӯрӣ ба муносибати «Рӯзи оила»

Санаи 13 майи соли 2022 тибқи нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Комилова Диёра ба муносибати «Рӯзи  оила» дар кӯдакистони №6 ба номи «Гулшан» воқеъ дар Ҷамоати Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор намуд.Дар вохӯрии мазкур кормандони кӯдакистон иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ дар бораи вазифаи падару модар дар тарбияи фарзанд, масъулияти ҳар як шахс дар назди ватан, дар назди халқ гуфту гузор намуд. Таъкид карда шуд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди оиладорӣ, омодабошии ҷавонон барои никоҳ  натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ таъмин карда шавад.  Аз ин хотир иброз намуд, ки инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию ҷисмонӣ омода бошад.     

Ин нуқтаро сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон  ба ҷавонон такрор менамоянд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон,  ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад. Дар баробари ин шавҳар ӯҳдадор аст, ки барои осудагии оила шароити муносиб фароҳам орад».

Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоби озодона ҷараён гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *