Тибқи нақшаи тасдиқгардида мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Алимова Наргиза бо кормандони кӯдакистони № 8 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона мулоқоти озод баргузор намуд. Алимова Наргиза дар баромади худ, масъалаҳои мубрами рӯз оид ба пешгирии касалии сироятии “COVID-19”, мубориза ба амалҳои коррупсионӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосили руёнида, дар бораи пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонону ҷавондухтарон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, қадри зан дар оила, фарҳанги оиладорӣ, омӯзиши мушкилоту масъалаҳои занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» суханронӣ намуд. Дар охир бо иштирокчиён саволу ҷавобҳои озод баргузор гардид.
Рубрики