Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 7 сентябри соли 2022 дар ТИ «Дармонбахш» тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ таҳти унвони «Дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев, муовини раиси ТИ «Дармонбахш» Раҳимов Илҳом, собиқадорони соҳаи тиб, занон ва ҷавонони фаъоли ҳизб иштирок карданд.

Дар вохӯрӣ Шерзод Набиев баромад намуда, дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлол маърӯза карда, тамоми кормандони муассисаро бо ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар охир «Сипоснома»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кормандони фаъол ва собиқадорони ТИ «Дармонбахш» супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *