Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ПОЯНДА БОД

Санаи 17 июни соли 2021 дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бахшида ба ҷашни 24 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳия, КМО-и ноҳия ва клуби фарҳангии Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар ин вохӯриҳо аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон, котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” Раҳимзода Моҳира ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам иштирок намуда оид ба мулоқоти сарони ду давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва дар бораи натиҷаҳои босамари ин мулоқот суханронӣ намуданд.

Инчунин баромадкунандагон таъкид намуданд, ки иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи навро оғоз бахшид.

Дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ робитаҳои минтақавии вилоятҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон зикр намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар остонаи 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ин сафари Сарвари кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон бори дигар собит сохт, ки сулҳу дӯстӣ дар кишвари мо пояндаву ҷовидон аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *