Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ТИ «Сомониён» 11 августи соли 2021 дар толори Ҷамоати деҳоти Сомониён доир гардид. Дар ин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Сомониён Ниёзов Аҳлиддин, аъзоёни ТИ ҲХДТ, занон ва ҷавонони фаъол иштирок карданд.

Масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда: ҳисоботи раиси ТИ оид ба фаъолияти ТИ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раиси ТИ, рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва «Сухани халқ» барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар рафти маҷлис Алимова Замирав ва Ғаниева Гулбаҳор ба музокира баромаданд ва суҳбати озод бо ҳозирини толор барпо гардид.

Баъдан иштирокчиёни маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд аъзоёни ТИ корҳои дохилиҳизбиро боз ҳам тақвият бахшида, ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, истифодаи самараноки заминҳои корам, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии касалии сироятии «COVID-19», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *