Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Идомаи силсила вохӯриҳо бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузирги Ватанӣ дар Гимназияи №1 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ҷамъомад баргузор гардид .

Дар вохӯрии мазкур иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ибрагимов Мирзоали, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Абдурасул, фаъолони ҳизб, собиқадорони ҷангу меҳнат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва раҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳмонов Ҷонибек ва дигар таклифшудагон иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва ибрати онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи хонандагони Гимназияи №1 барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *