Тарғиби муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҳаллаҳои Ҷамоатҳо идома дорад.
Аз ҷумла раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам санаи 7 феврали соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи МИҲД-и ноҳия ва КИН ҲХДТ дар маҳаллаҳои Навоӣ ва И.Нурматови Ҷамоати шаҳраки Меҳробод вохӯрӣ баргузор намуд. Ҳангоми мулоқот бо мардум Одилзода Р. дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода намудани заминҳои корам, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии касалии сироятии коронавурус ва ғайра суханронӣ намуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ аз руҳияи сокинон маълум гардид, ки мардум Паёми сарвари давлатро роҳномаи худ медонанд ва кӯшиш доранд, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.