Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Конференсияи XXXIV ғайринавбатии КИ ҲХДТ

Конференсияи XXXIV ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид, ки дар Конференсия масъалаи пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзаи интихоботии «Мирзо Бедил», №15 ба ҷои вакили хориҷшуда баррасӣ карда шуд.  Дар кори Конфренсия раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Раҳматуллоев Садриддин, раисони ТИ, аъзоёни фаъоли ҳизб, вакилони халқ, занону духтарон, соҳибкорон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.

Конференсия номзадии Муҳибуллои Ҷалолуддинро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзаи интихоботии «Мирзо Бедил», №15 пешбарӣ намуд ва қарорҳои дахлдори Конфренсия қабул гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *