Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи МИҲД-и ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳия аз ҷониби масъулини ҲХДТ ва гурӯҳи тарғиботчиёни аз ҷониби МИҲД-и ноҳия тасдиқгардида бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Набиев Ш., мудири бахши муҳоҷирати ноҳия Узоқов О., муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Бобокалонов О. ва раисони маҳаллаҳои деҳаи Ғӯлакандоз дар деҳаи Самиев корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» ҷараён гирифт.
Масъулини ҳизб ва гурӯҳи тарғиботчиён корҳои фаҳмондадиҳиро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, истифодаи самаранок аз заминҳои корам, ташаккул додани фарҳанги дуруст истифода намудан аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии паҳншавии касалии сироятии «COVID-19», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монданд.
Корҳои тарғиботӣ дар ин самт дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо вусъат идома доранд.