Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: Кушодашавии мусобиқаи футболи хурд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 8 июли соли 2021 бо сарпарастии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи хурди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи ғайрикасбии ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, намояндагони бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок дошта, дастаҳои «Марказӣ» ва «И. Нурматов» бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мақсад аз гузаронидани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбӣ ва таъмини фароғати мадании шаҳрвандон мебошад.

Даври аввали мусобиқа дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *