Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: Маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш!» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 13 августи соли 2021 дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи кории Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш!» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав Тоиров Илҳом, собиқадорони ҷангу меҳнат, занон ва ҷавонони фаъоли Ҷамоат, намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав иштирок карданд.

Сараввал, Одилзода Рустам паёми шодбошии раиси ноҳия, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибиро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав Тоиров Илҳом дар бораи дастовардҳои Ҷамоат дар даврони Истиқлолият, омӯзгори МТМУ №7 Боймуротова Наима дар мавзӯи «Мақому манзалати Зан – Модар дар замони Истиқлолии кишвар», омӯзгори МТМУ №32 Эгамбердиева Оромнисо дар мавзӯи «Соҳаи маориф – соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат» баромад карданд. Сипас, «Сипоснома»-ҳои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав ба фаъолони Ҷамоат супорида шуданд. Маҳфил дар рӯҳияи баланд доир гардида, дар фарҷоми он намояндагони аҳли фарҳанги Ҷамоат барномаи адабӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Суруди Истиқлолу Ваҳдат месароем, пайравони Пешвои миллатем»-ро пешкаш намуда, таъби иштирокчиёнро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *