Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ТИ ҲХДТ «Зуҳал»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

Тибқи ҷадвали баргузории  маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ  санаи 05-уми июли соли 2022  дар ташкилоти ибтидоии «Зуҳал»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис 5 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Усмон Раҳматов аз натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то 01-уми  июни соли 2022  ҳисобот дод.

Баъдан аз рӯи масъалаи дуюми рузнома  нақшаи фаолияти ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардид.

Масъалаи сеюми маҷлис-интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди барраси қарор дода шуда Усмон Раҳматов аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Зуҳал” интихоб гардид.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома бо пешниҳоди раиси ТИ “Зуҳал” 6 нафар аъзои фаоли ҲХДТ ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун вакил интихоб шуданд.

Дар охир раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам баромад намуда ба ҳамаи  аъзоёни фаоли ҳизб супориш дод, ки фаъолияти худро дар бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри иҷроиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ҷоннок намоянд ва барои  саривақт иҷро намудани нақшаи қабули  обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” чораҳои зарурӣ андешанд.  

Баъдан ба аъзоёни нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  ва ба аъзоёни фаъол сипосномаҳои КИ ҲХДТ  супорида шуданд.

Баъди  хамин маҷлиси хисоботӣ-интихоботии ТИ “Зуҳал” ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *