Рубрики
Uncategorized

Ҷаббор Расулов: Мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футболи хурд байни аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид. 

Санаи 22 феврали соли 2022 дар майдони хурди футболи «Истиқлол»-и маркази ноҳия бозии финалии мусобиқаи мазкур байни дастаҳои «Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ» ва «Литсейи касбии техникӣ» баргузор гардид.

Дастаи «Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ» ҷойи якум ва дастаи «Литсейи касбии техникӣ» ҷойи дуввумро ишғол намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рустам Одилзода иштирок намуда, диплом ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияро ба ғолибон супорид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *