Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: ОБОДОНӢ – МАРОМИ МОСТ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодааст.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атроф санаи 3 феврали соли 2024 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии мазкур мардуми ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозаю озода гардонидани гирду атроф, тозаю намудани ҷӯйборҳо ва роҳҳои марказӣ машғул шуданд.
Корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо суръат идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *