Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Президенти мо-ифтихори мо!

Санаи 16 ноябри соли 2022 дар МТМУ №19 ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соати тарбиявии намунавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Диёра Комилова иштирокдорони чорабиниро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сардори давлат бо иродаи қавӣ ва матонат Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва мардуми онро аз хиҷрати иҷборӣ наҷод бахшида, гурезаҳоро ба Тоҷикистон баргардонид.

         Дар охир барои болидагардонидани иштирокчиён аз тарафи аҳли хонандагони муассиса барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *