Санаи 1 сентябри соли 2022 баҳри иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 30 августи соли 2022 таҳти №58 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар муассисаҳои таълимии ноҳия чорабинии бахшида ба Рӯзи дониш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз баргузории чорабинӣ дар тамошои дастҷамъонаи дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақиман ба воситаи телевизион пахш гардид иштирок намуданд.