Рубрики
Асосӣ

Ҷаббор Расулов: сентябр «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ»!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил таъкид доштанд, ки дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад. Аз ин баҳои баланди сарвари давлат кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия рӯҳбаланд гардида, дар мақоми шукргузорию саодат, ҷиҳати иҷрои рисолати таърихии худ азму талоши зиёд доранд.

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Ин рӯзи фархундаро устодону хонандагони Гимназияи №1 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ботантана истиқбол намуданд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Илҳом Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кардҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шерзод Набиев иштирок намуда, табрикоти раиси ноҳия ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба аҳли маорифчиён расониданд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *