АНДЕША: Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъмат аст, ки ин неъматро барои муҳофизат кардан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Соли 1993 23-юми феврал Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давлат тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд ва умедворӣ расидан ба рӯзҳои неку осоишта мебошад.
Ҳамасола 23-юми феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳи баланд гузаронида мешаванд. Артиш дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштагии мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандонро нисбат ба падару-модар боз ҳам бештар мекунанд, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо ҳама рӯза посбониву ҳушёрӣ ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амнияти мардум вазифаи артиши нерӯманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳасостар дарк месозад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар фарзандашро бо даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба хизмат ҳидоят намуда аз хизмати онҳо ифтихор намояд. Дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат ободиву осудагӣ ва ҳифзи он марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллиамон бо талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат балки берун аз он нуфӯзу мавқеи хоса касб намудаст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
Бобоева Шахзода- мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов