Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: «ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ»

Санаи 24 октябри соли 2022 дар МТМУ №21 бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади баланд баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Комилова Диёра, мудири бахши омор ва маҳзанаи ягонаи электронӣ Воҳидов Аҳрор, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Очилова Азиза иширок доштанд.

Комилова Диёра самаранок истифода намудан аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди экстримизму терроризм ва ҳолатҳои коррупсионӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, сарфакорона истифода намудани қувваҳои барқ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.

Инчунин қайд карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ, гирифтани пеши роҳи ҳар гуна амалҳои номатлуб аз қабили дуздию ғоратгарӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *