Рубрики
Мақола

ҶАББОР РАСУЛОВ: Чорабинии аксияи ҷумҳуриявии «Албом эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»

Санаи 19 сентябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъомади ботантана дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Ҷамъомади мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Набиев Шерзод Шавкатович меҳмонон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, фаъолони ҳизб, занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро хайрамақдам намуд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибов Абдурасул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи тақдирсоз чунин таъкид намудаанд, ки: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид”.

Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Афзуда шуд, ки дар Иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, ба монанди қонунҳо дар бораи авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст дода буданд қабул карда шуд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳони якдигар гардиданд. Орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагонии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардид.

Дар раванди чорабинии мазкур ба 5 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи ҳизб ва 7 нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аъзо шудаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Қимси сиёсии чорабинии мазкур бо садо додани Суруди милли ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *